Баргузории иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон даъвати панҷум, ки санаи 5 декабр таъин шуда буд, ба рӯзи 11 декабр мавқуф гузошта шуд.
Дар иҷлосия масоили марбут ба пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои чанде аз вакилони Маҷлиси вилоят, аз ҷумла собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси ВМКБ.
Дар иҷлосияи мазкур ҳамчунин санаи интихобот ба ҷойи вакилони хориҷшуда таъин мегардад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба курсии вакилӣ дар Маҷлиси вилоят номзад мешавад.
Пас аз вакили Маҷлиси вилоятӣ интихоб шудани Ёдгор Файзов, иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ моҳи феврали соли 2019 масъалаи тасдиқи фармони президентро дар бораи таъини ӯ ба вазифаи раиси вилоят баррасӣ хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот дар вилоят мавриди интиқоди шадид қарор дод.
Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.
Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзов таъин шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста