Рӯзи 21-уми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон боздид карда, ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади афзудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил кардаанд.
Гуфта мешавад, ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла, роҳбари хоҷагии “Ватан” Неъмат Усмонов бунёд мешавад. Дар вақти омода кардани замин ва шинондани ниҳол тавсияи таҷрибадорон пурра ба инобат гирифта шудааст ва минбаъд низ нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.
Барои таъмини токзор бо оби полезӣ аз пойгоҳи обкашии “Табиат-2” ба масофаи қариб 3,5 километр хати алоҳидаи оби полезӣ кашида шудааст. Дар ин замина масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ҳамчунин ду агрегати нав васлу насб кардаанд.
Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғу токпарварӣ, ин токзори нав баъди се-чор сол аз 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.
“Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, боғутокпарварӣ токзори навбунёд “Пешвои миллат” номгузорӣ шуд”, - қайд мешавад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста