Аз онҳо 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 номзад тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ рақобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд.
Байни номзадҳои расман сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 48 нафарашон занон мебошанд.
Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани як курсии вакилӣ ба ҳисоби миёна 4 нафар номзадҳо талош меварзанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ маъракаи ташвиқоти пеш аз интихоботӣ ҷараён дошта, 29-уми феврал дар кишвар ба истилоҳ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март дар он ҳолат баргузоршуда эътироф мегардад, ки дар он аз наздики 4,7 млн нафар интихобкунандагони қайдшуда беш аз 50%-ашон овоз диҳанд. Онҳо имкон доранд, ки аз соати 6.00 то 20.00 дар қитъаҳои интихоботӣ раъй диҳанд. Варақаҳои интихоботӣ бо 4 забон: тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва русӣ нашр мешаванд.
Маълумот дар бораи нишондиҳандаи овоздиҳиро КМИР муддати тамоми рӯз баъди ҳар як соат эълон мекунад. Натиҷаҳои пешакии интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии қонунгузор рӯзи душанбе, 2-юми март маълум мешаванд.
Ба палатаи поёнии парлумон 63 нафар вакилон интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ.
Ҷараёни интихоботро беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 1000 нафар нозирони маҳаллӣ пайгирӣ (мониторинг) карда, беш аз 100 хабарнигори ВАО-и хориҷӣ онро инъикос мекунанд. Хулосаҳои худро нозирон рӯзи душанбе, 2-юми март дарҳол баъди аз ҷониби КМИР эълон шудани натиҷаҳои пешакии интихобот пешниҳод месозанд.
Парлумони Тоҷикистон аз 2 палата иборат аст. Интихобот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (палатаи болоии парлумон) ба рӯзи 27-уми март таъин шудааст. Ин палата аз 33 аъзо иборат аст, ки 8 нафарашонро президент таъин карда, 25 нафар – 5 нафарӣ тариқи интихоботи ғайримустақим аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳои Суғд, ВМКБ, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ интихоб мешаванд. Ҳар як собиқ президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки якумрӣ узви Маҷлиси миллӣ бошад.
Вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 декабри соли 2025
Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста