Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз вазифаи муовини якум ва Лола Салимова аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи фармони президент Ҷамолиддин Нуралиев боз ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои ҳукумат шахсони зерин аз вазифаҳояшон озод шуданд:

Кроме этого, постановлениями правительства от своих должностей освобождены:

- муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Холиқзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан:

муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Мирсайзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан:

- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Илёсиддин Камолитдинзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Абдусалом Мирзозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан;

- ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» Маҳмуд Шоҳиён.

- муовини сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан.

- роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Фирдавс Олимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан.

Бо қарорҳои дигари ҳукумат таъин шуданд:

- Нигина Ализода - муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Асадулло Ҳакимзода - муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Шараф Каримзода - муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Рухшона Насриддинзода - муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Шаҳноза Нодирӣ -  муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Алишер Ализода - муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Манучеҳр Шарифзода - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.