Маблағи умумии ду қарз, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дастрас мекунад, 200 млн долларро ташкил медиҳад.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи рӯзи 23 сентябр имзошударо оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд тасдиқ намуд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки қарзи имтиёзноки дастрасмешуда дар ҳаҷми 50 млн доллар ба рӯйпӯш намудани касри буҷети кишвар ва дастгирии бахши иҷтимоӣ равона мегардад.
Вакилони мардумӣ ҳамчунин якдилона ва бидуни баррасӣ Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблаѓгузории тиҷорат (ITFC)-ро тасдиқ карданд.
Дар доираи татбиқи ин созишнома Тоҷикистон муддати се соли наздик барои рушди тиҷорат ба маблағи 150 млн доллар қарз мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста