Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варРаиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат”-ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” аз чор ошёна иборат буда, таъмиру таҷдиди он соли 2017 оғоз гардида буд. Аксарияти чорабиниҳои ҳукумат дар он баргузормешуданд, аз қумла солҳои 2013 ва 2014 паёми президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон дар толри ҳамин маҷмаа садо дода буд.

Дар толори асосии “Кохи Ваҳдат” барои 1000 нафар ҷойи нишаст ташкил гардида, толор бо курсиҳои бароҳату замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ғайр аз толори асосӣ ҳамчунин муассиса дорои 9 толори дигар мебошад, ки ҳар кадоми он аз 50 то 200 ҷойи нишаст дорад.

1/15

Бино ба маълумоти як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати ҷумҳурӣ, барои таъмиру навсозии маҷмаа аз буҷети давлатӣ наздики 30 млн сомонӣ ҷудо шуд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Маросим дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар мавзеи наздикии маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” баргузор шуд.

Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “AKIA ULTRA LE8” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.

Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи БКМ-32100D истеҳсоли корхонаи “Белкоммунмаш”-и Белорус мебошанд. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

1/8

Зимни муаррифии троллейбусҳои нав иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Тоҷикистон раванди истеҳсоли ин навъи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар заминаи корхонаи «Акиа Авесто» дар шаҳри Душанбе пурра ба роҳ монда мешавад. Троллейбусҳои истеҳсоли ватанӣ бо  ғунҷоиши 100 ҷой барои мусофирон пешбинӣ гардидаанд.

Сипас сарвари давлат ва раиси пойтахт дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Сино ду бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Биноҳои истиқоматӣ аз 12 ошёна ва 124 хонаи барҳавои як ва дуҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба 120 оилаи кормандони КДАМ, ки дар ин ду бинои баландошёна соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор тақдим намуд.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат барои бунёди боз як бинои нави истиқоматии 16-ошёна санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид. Тибқи лоиҳа шумораи умумии хонаҳо дар бинои мазкур 128 ададро ташкил дода, дар ҳавлии он бунёди майдонча барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.