Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Фозил Обидов имрӯз дар ҷаласаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) якдилона роҳбари фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

То вакил интихоб шудан дар моҳи марти соли ҷорӣ ӯ ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон фаъолият дошт. Фозил Обидов 59-сола буда, доктори улуми иқтисодӣ аст.

Қобили зикр аст, ки аз 63 нафар вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ 42 нафарашон аъзои ҲХДТ мебошанд.

Роҳбари пешини фраксияи ҲХДТ дар парлумон Бахтовар Сафарзода аввали моҳи октябр бо сабаби таъин шудан ба вазифаи намояндаи доимии парлумони ҷумҳурӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ваколатҳояшро дар парлумон супурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.