Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 феврал дар бораи баргузории се озмуни умуиҷумҳуриявӣ дар соли равон амрҳо ба имзо расонид.
Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд.
Ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба Вазорати молия супориш дода шудааст, ки барои баргузории озмуни“Тоҷикистон-Ватани азизи ман” 2 млн 540 ҳазор сомонӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” - 2 млн 835 ҳазор сомонӣ ва “Илм-фурӯғи маърифат” 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Бо амрҳои президенти кишвар дар умум барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ 7 млн 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Гуфта мешавад, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста