Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонаш рафт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллатро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳарбузургаш суҳбати самимие доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуд ва барои шод кардани арвоҳи гузаштагон дуову фотеҳаи нек намуд.

1/11

Ёдрас мекунем, ки президент бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дошта, бо иштироки ӯ дар ин минтақа иншооти нав ба истифода дода мешаванд.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар боздид кард.

Боғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст. Айни замон дар боғ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Сипас президент дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд.

Ҳамчунин дар паҳлуи маркази саломатӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти хизматрасонии “Ваҳдат” ҳусни оғоз бахшид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.