Вазири адлияи Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин тадбир ба тақвияти муқовимат бо маблағҳои тариқи ҷинояткорӣ бадастомада ва пешгирии маблағгузорӣ ба терроризм мусоидат мекунад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 28 апрел аз тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки мувофиқи тағйирот, нотариусҳои кишвар ба додани маълумот ба ҳукумат дар бораи муомилоти амволӣ, ки маблағашон ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисоб ё аз он зиёдтаранд, уҳдадор мешаванд.

Ғайр аз ин, нотариусҳо минбаъд уҳдадор мешаванд, ки ба ҳукумат дар бораи муомилоти вобаста ба амволи ғайриманқул ва коғазҳои қимтаноки маблағашон баробар ба 12500 нишондиҳанда ё зиёдтар аз он маълумот диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон маблағи 1 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 60 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, тағйирот зидди қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада ва пешгирии маблағгузорӣ ба терроризм равона шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.