Ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз фонди захиравии сарвари давлат ба ҳар кадоме аз собиқадорони ин ҷанг 10 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ғайр аз ин, президент ба ҳамаи раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят дастур дод, ки аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба собиқадорони ҶБВ кумаки молиявӣ расонанд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ 94 собиқадори ҷанг зиндагӣ мекунанд.
Ҳамагӣ як моҳ пеш шумори онҳо 102 нафарро ташкил дода, ҷашни Рӯзи Ғалабаи соли гузаштаро 168 нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон таҷлил намуданд.
Дар майдонҳои набарди ҶБВ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуда, ба 65 кас унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.
Қаблан бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ба 16 собиқадори ҶБВ, ки имруз дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, аз фонди захиравии раиси шаҳр 1,5 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
6,6 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба имсол. Парлумони Тоҷикистон буҷети соли 2025-ро қабул кард
Эмомалӣ Раҳмон бо бинои таъмиршудаи Филармония шинос шуд ва ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз оғоз бахшид
Рамазон Қодиров ду мансабдори баландпояи Русияро барои пешбурди сиёсати зидди муҳоҷирон танқид кард
“100 чеҳраи муваффақ”-и Тоҷикистон. Кистанд онҳо?
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо боло меравад. Маблағи хидмати ҳарбӣ, сиёҳ кардани шишаи мошин ва ҷаримаҳо зиёд мешавад
“Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов
Воқеан, ба поинравии қурби рубл муҳоҷирон гунаҳкоранд? Шарҳ медиҳем.
Равшанбек Собиров, сиёсатмадори тоҷик дар ҳукумати Қирғизистон вазифаи нав гирифт
“Меҳргон” ва “Санъати сохту навохтани рубоб” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста