Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб аз зиёрати оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро оғоз гардид.
Бино ба иттилои хаддамоти матбуоти сарвари давлат, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид президенти ҷумҳурӣ баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек кард.
Сипас сарвари давлат за мавзеъҳои чанде қабл аз офати табиӣ, аз ҷумла сел осебдида боздид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуд.
Ёдрас мешавад, ки 11 майи соли равон бинобар боридани зиёди борону жола дар Кӯлоб сел омада, дар натиҷаи офати табиӣ ҳамагӣ ба 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, 10 адад пул, 4 адад муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони калону майдаи шохдор зарар дид. Маблағи умумии хисороти расида 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сипас сарвари давлат бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо идома дошта, то ба имрӯз ин ҷо 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони ду оилаи зарардида Исмоил Назаров ва Малика Азизова калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи ВКД Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст, тӯҳфа намуд.
Дар идома президент бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот кард. Вобаста ба вазъи имрӯза Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбутаи ҳукумат супориш дод, ки хонаҳои навро барои оилаҳои пурра зарардида дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, сари вақт огоҳ кардани аҳолӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Имрӯз сарвари давлат бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара рафта, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия, коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумат ва корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Файзи Алӣ” иштирок кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста