Таҳти президенти мамлакат, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар кори маҷлис дар бораи Нақшаи кори ҳукумати ҶТ дар нимсолаи якуми соли 2022, оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҶТ барои солҳои 2018-2022» ва Дар хусуси тадбирҳои иҷрои қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2022» шахсони масъул ҳисобот доданд.
Гуфта мешавад, аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ» ва дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуданд.
Дар кори маҷлиси ҳукумати кишвар масъалаҳо Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав, Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҶТ барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ҶТ Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҶТн барои солҳои 2022-2026 муҳокима карда шуд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат,, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми президенти ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021, инчунин иҷрои вазифаҳои нав дар соли 2022, дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста