Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Туркманистон 12 май раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ президенти тозаинтихоби Туркманистонро бинобар ба ин маснади олӣ интихоб гардиданаш табрик гуфта, аз номи президенти Тоҷикистон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон, аз ҷумла вазъи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карда шуда, зикр гардид, ки Туркманистон батадриҷ ба яке аз шарикони пешбари иқтисодии хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад.
Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва сӯзишворӣ, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ, аз ҷумла коркарди пурраи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Бо мақсади мусоидат ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2023 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шавад.
Ёдрас мекунем, ки сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 11 май оғоз гардида, дар рӯзи аввали сафар ӯ бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшат Маммедова дидору гуфтушунид кард.
Нимаи дуюми рӯзи 11 май Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз Масҷиди маънавиёти Туркманбошии Қипчоқи шаҳри Ашқобод ва маҷмааи байналмилалии аспиву варзишии пойтахти Туркманистон боздид намуда, бо фаъолияти муассисаи давлатии «Маҷмааи бофандагии Ашқобод» шинос шуданд.
Дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод Рустами Эмомалӣ бо ҳокими шаҳри Ашқобод Раҳим Гандимов мулоқот анҷом дода, зимни сӯҳбат доир ба дастовардҳои пойтахти Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, бахусус пешравиҳои бахши варзишу сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.





Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста