Соли 2023 таҷдиду бозсозии шоҳроҳи Рӯдакӣ-Ёвон-Ҷомӣ оғоз мешавад. Дар ин бора Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Аз Вазорати нақлиёт ба мо хабар доданд, ки соли 2023 таҷдиди ин роҳ, ки 79 км ташкил медиҳад, оғоз мегардад"- гуфт раиси ноҳия.
Раҷабалӣ Муродов, сардори хоҷагии идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон хабар дод, ки маблағи марҳалаи аввали ин роҳ 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
"Таҷдиди ин шоҳроҳ дар се марҳала амалӣ мешавад. Аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ як шохаи ин шоҳроҳ то ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон мерасад ва шохаи дигари он то шаҳри Левакант бурда мешавад"- гуфт Раҷабалӣ Муродов.




“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста