Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дар кушодашавии чанде аз муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ширкат карданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 бо маблағгузории шаҳрдории Душанбе, барои 1500 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, дар ноҳияи Шоҳмансур бинои иловагии МТМУ рақами 48, бо иқдоми шаҳрдории пойтахт, барои 1280 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки сарвари давлат ва шаҳрдори пойтахт “Литсейи Умари Хайём” мавриди истифода қарор гирифт, ки бо иқдоми шаҳрдории Душанбе барои 1200 нафар хонанда дар як баст бунёд гардидааст.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста