Рӯзҳои 3 – 4 май Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ ба давлати Қазоқистон сафар мекунад. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Тавре зикр карда шуд, зимни ин сафар ҷонибҳо дурнамои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар ҳамоиши тоҷирони тоҷику Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Остона низ баргузор шавад.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ки дар Маркази Конгреси Остона баргузор мешавад, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон хоҳад буд.

Ҳамчунин, дар ин намоиш намояндагони сохторҳои расмӣ ва ҳам тоҷирони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.