Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 июн Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои солҳои 2023-2027 баррасӣ шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода зикр кард, ки Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби ҶТ барои солҳои 2016-2025 ва дигар санадҳои соҳавӣ оид ба азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ нигаронида шудааст.
Дар он ҳамчунин тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шудааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Барномаи сармоягузорӣ тасдиқ гардида, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии барнома ва ҷалби сармоя тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, аъзои ҳукумат лоиҳаи қарори ҳукуматро Дар бораи Нақшаи кори ҳукумати ҶТ дар нимсолаи дуюми соли 2023-ро баррасӣ карда, дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол карда шуд.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳо Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар ҶТ барои давраи то соли 2040, Дар бораи Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 ва Дар бораи натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии шаҳри Нораки вилояти Хатлон ба ҳолати 1 январи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, дар фарҷоми ҷаласа ба ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиии марбут ба селу обхезӣ, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ дастурҳо дода шуданд.
Инчунин ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба ҷамъоварии беталафи ҳосили дар саҳробуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар тадбирҳои бунёдкорӣ низ супоришҳо дода шуданд.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста