Чанд лаҳза пеш Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Қасри миллат бо Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон мулоқот намуд.

Зимни мулоқоти кутоҳе, ки бо ҳузури рӯзноманигорон баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки ин сафар дар тақвияти муносибатҳо, барқароркунии равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар такони ҷидди хоҳад бахшид.

Иброҳим Раисӣ низ дар навбати худ ба ҳамтои тоҷикаш барои истиқболи самимӣ изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, қасд дорад бо Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи равобити дуҷониба ва масоили минтақавиро баррасӣ кунад.

Мулоқоти роҳбарони Тоҷикистону Эрон айни ҳол идома дорад.

1/2

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.