Дирӯз, 29-уми январ, Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Заробиддин Қосимӣ ба ин вазифа таъйин гардид.
Сабаби аз вазифа рафтани Шарифзода “ба нафақа баромадан” зикр мешавад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода бештар аз 21 сол сухангӯи президенти Тоҷикистон буд: ӯ 15 декабри соли 2003 роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Заробиддин Қосимӣ 57-сола ва хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Қосимӣ то кунун Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср буд.
Корномаи Заробиддин Қосимӣ чунин мебошад:
1986-1988 - хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ;
1991-1992 - муаллими забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48 шаҳри Душанбе;
1992-1993 - ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон;
1993-1996 - нозир ва нозири калони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ;
1996-2005 - сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон;
2005-2015 - машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2015-2016 - директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2016-2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;
Аз 31 августи соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср.
Оиладор ва падари шаш фарзанд.
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
5 технологияи дастраси офтобӣ, ки арзишашон камтар аз $300 аст
Тоҷикистон пешниҳоди Русияро ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ меомӯзад
Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?
9 моҳи таваққуфгоҳҳои музднок: натиҷаҳо ва саволҳои беохир
Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд
Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2025
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста