Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 24 март бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум кард.
“Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”, - таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.
Президенти Тоҷикистон бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуд.
Сарвари давлат дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар ин кишвар ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.
Дар ин замина аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо қайд гардид.
Бино ба маълумоти ахир, бар асари ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” 137 нафар, аз ҷумла 3 нафар кӯдакон ҳалок шуда, 180 кас осеб диданд.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста