Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як амр Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи мушовири калони раисҷумҳур оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод кард.
Сабаби ин барканорӣ “ба кори дигар гузаштан” зикр мешавад, вале то ба ҳол кори нави Амирҷон Маҳмадсаид маълум нест.
Ӯ фарзанди дуввуми шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев.
Амирҷон Маҳмадсаид қаблан дар Вазорати молияи Тоҷикистон кор мекард. Ӯ моҳи августи соли 2011 намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул таъйин шуд.
Баъдан Амирҷон Маҳмадсаид дар вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард ва соли 2019 ба вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин гардид.

Ғайр аз ин, имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин карда шуд.
Умед Бобозода аз соли 2019 то инҷониб дар ин вазифа кор мекунад.
Ӯ дар гузашта 5 сол дар вазифаи мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ фаъолият кардааст.
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намошномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста