Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Бразилия ба президенти ин кишвар Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
“Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд, - омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.
- Дар робита ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Бразилия таъзияву таслияти амиқи инҷонибро иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонед”.
Ҳавопаймои ATR-72 (PS-VPB), ки аз Каскавела (иёлати Парана) ба фурудгоҳи байнулмилалии Гуарулюс (иёлати Сан-Паулу) парвоз анҷом медод, рӯзи 9 август ба садама дучор шуда, дар натиҷа ҳамаи 62 нафар мусофирон ва ҳайати сарнишинон ҳалок шуданд.
Дар ВКХ Бразилия хабар додаанд, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Бразилия ва яке аз онҳо шаҳрвандии Португалияро ҳам доштааст. Садама дар Винеду, тақрибан 70 километрии шимолу ғарби Сан-Пулу рух додааст. Ҳавопаймо дар мавзеи маҳаллаи аҳолинишин ба замин афтода, лекин касе аз сокинони ин мавзеъ осеб надидааст. Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор дар Бразилия мотами серӯза эълон шуд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста