Дар доираи ҳафтаи "ICT Week" рӯзи 7-уми апрел маросими рӯнамоии Портали ягонаи давлатии EGOV.TJ доир гардид, ки аз ҷониби Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди президенти Тоҷикистон таҳия шудааст. Захираи рақамии нав қисме аз барномаи давлатии рақамисозӣ буда, ба муттаҳид сохтани захираҳои интернетии вазорату идора ва корхонаву ташкилотҳои давлатӣ дар шакли электронӣ равона шудааст.
Амир Ҳотамӣ, роҳбари департаменти рушд ва маркетинги Марказҳои тасдиқкунанда, хидматрасониҳои давлатӣ ва таҳияи барномаҳои рақамӣ ба “Азия-Плюс” дар бораи мундариҷа ва мақсаду вазифаҳои он изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, EGOV.TJ таҳиягари ягонаи сомонаҳое мебошад, ки дар заминаи он захираҳои интернетии ҳамаи муассисаҳои давлатии кишвар сохта мешаванд.
“То имрӯз зиёда аз 40 сомонаи вазорату идораҳо аз лиҳози техникӣ аллакай омодаанд, аз ҷумла сомонаҳои шаҳрдории Душанбе, Додситонии кулл ва ғайра. Ҳамаи онҳо дар чаҳорчӯби лоиҳа таҳти унвони Платформаи ягонаи захираҳои интернетӣ (ЕПИР) таҳия ва дар дохили портали ягона ҷойгир карда мешаванд”, - зикр кард ӯ.

Мутахассис таъкид дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳими платформа мутобиқат ба меъёр (стандартизатсия) мебошад. Агар қаблан ҳар кадоме аз ниҳодҳо тибқи меъёрҳои худ сомона таҳия мекарданд, акнун ҳамаи захираҳои интернетӣ дар шакли ягонаи зоҳирӣ (визуалӣ) ва техникӣ таҳия ва идора хоҳанд шуд.
EGOV.TJ инчунин маълумоти муҳими марбут ба фаъолияти сохторҳои давлатиро ҷамъоварӣ ва хабарҳои навро нашр мекунад.
Корҳои таҳияи портали мазкур моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуд. Даҳ сомонаи аввал аллакай моҳи ноябр омода шуда буд. Айни замон шумори онҳо дар ҳоли зиёдшавӣ аст - сомонаҳои нав пас аз анҷоми расмиёти қарордодҳо бо вазорату идораҳои марбута илова мешаванд.




Беш аз $3 млрд қарзи хориҷии Тоҷикистон. Душанбе аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст ва барои пардохти он чӣ бояд кунад?
Лоиқ Раҷабов, размикори шинохтаи тоҷик аз “UFC” берун карда шуд
СААД хабарҳо дар бораи кумак хостани Тоҷикистон аз ин созмонро рад кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Марги 3 кас дар пайи чаппа шудани як қаиқ дар дарёи Норак
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 декабри соли 2025
Ҳукумати Толибон консулгарии Афғонистон дар Хоруғи Тоҷикистонро бастааст
“Ялдо ҷашни шодиву сур аст!”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста