Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 29 май таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ шуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни гузориши худ зикр кард, ки барнома мувофиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 таҳия шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, мубориза бо бемориҳои саратон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки барои ба мардум фаҳмонидани сабабу омилҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои саратон ва пешгирӣ аз онҳо, аз ҳама имкону захираҳо бояд истифода карда шавад.
Пас аз баррасӣ барнома ва нақшаи амалисозии он маъқул дониста шуданд. Ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки иҷрои чоррабиниҳоро таъмин ва дар бораи натиҷаҳои он ҳамасола ҳисобот диҳанд.
Ҳамчунин дар маҷлис лоиҳаи қонунҳо дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ, тағйирот ба Кодекси гумрук, инчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” маъқул шуморида шуданд.
Ҳамаи онҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.
Илова бар ин, ҳамчунин барномаҳои зерин баррасӣ а тасдиқ шуданд:
- Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029;
- Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030;
- Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030.
Ба гуфтаи президент, барномаи рақамикунонии бахши кишоварзӣ баҳри идомаи минбаъдаи ислоҳоти аграрӣ, ташкили низоми устувор ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди сабз, фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра таҳия карда шудааст. Ба масъулин дастур дода шуд, ки аз рӯи барнома нақшаи амалигардонии онро таҳия ва тасдиқ намоянд.
Дар фарҷоми маҷлис Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои қаблии ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва омодагии ҷиддӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дастуру тавсияҳо дод.



