Замони ба зиёрати ҳаҷ рафтани мақомдорони давлатӣ, дороии онҳо ва аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани кормандони мақомоти давлатӣ аз муҳимтарин нукоте буд, ки зимни нишасти матбуотии Оҷонсии хидмати давлатӣ баррасӣ гардид. Нишасти матбуотии ин ниҳод имрӯз, 21-уми июл доир шуд.

Илёс Идрисзода, директори Оҷонсии хидмати давлатӣ ба саволи хабарнигорон оид ба иҷозаи зиёрати ҳаҷ кардани мақомдорони давлатӣ посух дод, ки “беҳтар аст онҳо пас аз нафақа баромадан ба зиёрати ҳаҷ раванд”. 

"Хидматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ, дар хидмати давлатӣ кор кардӣ, бояд содиқона, сидқану шаффоф ба давлату миллат хидмат кунӣ. Баъд аз он, ки ба нафақа баромаданд, аз хидмати давлатӣ озод шуданд, марҳамат рафтан гиранд", - гуфт Илёс Идрисзода.

Аммо ӯ илова кард, ки қонун ба зиёрати ҳаҷ рафтани хидматчии давлатиро манъ накардааст, вале “ҳар як хидматчии давлатӣ бояд вазифаи хидматии худро иҷро кунад”.

Идрисзода гуфт, то имрӯз дар робита ба ҳаҷ рафтани мақомдорони давлатӣ ва дар пайи он аз кор озод шудани онҳо ягон шикояте нагирифтаанд.

 

Илёс Идрисзода
Asia-Plus

Норасоии кадрӣ

Дар робита ба норасоии хидматчиёни давлатӣ Идрисзода гуфт, дар 6 моҳи аввали соли 2025 дар мақомоти давлатии кишвар 4 ҳазору 102 коргар намерасад.

“Ба ҳисоби миёна, имрӯз ба ҳар як мансаби холӣ 0,6 довталаб рост меояд”, - иброз дошт ӯ.

Дар умум, ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти Тоҷикистон 22 ҳазору 711 воҳиди корӣ ҳаст, ки 18 ҳазору 609-тои он ишғол шудаанд.

Илёс Идрисзода эътироф кард, ки ҳолатҳои дар як мансаб зиёд кор кардани бархе мансабдорон ҷой доранд, аммо ин низ ба норасоии кадрӣ, бахусус кадрҳои ботахассус вобаста аст. 

“Масалан, дар соҳаи геология дар як мансаб мутахассисон 5-10-15 сол фаъолият мекунанд, чун кам нафарон хоҳиши дар ин самт кор карданро доранд”, - гуфт директори Оҷонсӣ.

Ба иттилои Идрисзода, хидматчиёни давлатӣ тибқи озмун ба кор қабул шуда, бояд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро донанд, забондон бошанд, бо компютер кор карда тавонанд ва таъриху фарҳанги миллиро хуб донанд. 

Оҷонсӣ ин сари чанд вақт дониши хидматчиёни давлатиро месанҷад ва дар ҳолати ба меъёрҳо мутобиқат накардан, онҳоро аз мақом озод мекунад.

Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини директори Оҷонсии хидмати давлатӣ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ин ниҳод дар 12 мақомоти марказӣ ва 30 мақомоти маҳаллӣ санҷиш гузаронида, дар натиҷа 16 нафар барои мутобиқ набудан ба вазифаи ишғолкардаашон аз вазифа барканор шудаанд. Манбаъ гуфт, ҳамаи барканоршудагон кормандони ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои зерин буданд: 

- Шуғнон - 1 нафар;

- Гулистон - 2 нафар;

- Зафаробод - 5 нафар;

- Ҷ. Балхӣ - 1 нафар;

- Балҷувон - 5 нафар;

- Муъминобод - 1 нафар;

- Ванҷ - 1 нафар.

 

Дороии мансабдорон кай расонаӣ мешавад?

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, мансабдорони кишвар уҳдадоранд ҳар сол оид ба даромади худ эъломия нашр кунанд, вале ин эъломия то имрӯз расонаӣ намешавад, ҳарчанд чунин “ваъда” чандин маротиба аз ҷониби мақомдорони кишвар садо дода буд.

Илёс Идрисзода гуфт, ин масъала ҳоло дар баррасӣ қарор дорад, аммо аз муҳлати дақиқе барои расонаӣ шудании дороии мансабдорон ва мушаххасоти дигаре дар ин самт ном набурд. 

“Ҳоло бо назардошти амнияти милливу манфиатҳои миллӣ баъзе пешниҳодҳои дигар шудаанд. Ҳамчунин рақамикунонии баъзе самтҳои фаъолият, дар қонунгузорӣ бояд чанд тағйироте ҷорӣ шавад. Пас аз муайян шудани ин нуктаҳо, шуморо аз натиҷааш огоҳ мекунем”, - шарҳ дод Идрисзода.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар аз 24 июли соли 2020, № 412, мансабдорони давлатӣ дар бораи дороиҳои худ, ба монанди хона, бӯстонсаро, мошин, қитъаи замин, гову гӯсфанд, қоғазҳои қимматбаҳо, тиллову нуқра ва дигар намуди дороӣ ба Агентии хидмати давлатӣ эъломия пешниҳод мекунанд. Аммо феҳристи дороиҳои мансабдорони тоҷик оммавӣ намешавад.

 

Ҷумъа Давлат

Якуним сол пеш Ҷумъа Давлат, раиси пешини Оҷонсии хидмати давлатӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки айни ҳол як гурӯҳи иборат аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ роҳҳои чӣ гуна пешкаш кардани дороиҳои мансабдоронро баррасӣ доранд.

“Омӯзиши масъала идома дорад. Дар ҳолати омода шудани лоиҳаи интишори эъломия тамоми расонаҳо огоҳ карда мешаванд”, - зикр карда буд Ҷумъа Давлат.

 

Аммо бо гузашти якуним сол ҳоло низ ин масъала доғ мемонад ва мансабдорони тоҷик эъломияи дороии худро дар расонаҳо нашр намекунанд.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб амал мекунад. Дар ин миён эъломия тибқи қарори ҳукумати кишвар ду маротиба - солҳои 2005 ва 2020 иваз карда шуд.

Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон соли 2019 замоне доғ шуд, ки Ҷумъа Давлат гуфт, “ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест”. Ӯ он вақт таъкид карда буд, ки “ҳар вақте сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем”.

Аммо дар ин моваро, чанд нафар аз мансабдори сатҳи миёна дар нишастҳои матбуотӣ аз даромаду дороии худ ҳарф зада буданд, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед. Онҳо ҳам эъломияи расмиро нашр накардаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.