Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров рӯзи 29 июл шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мулоқоти корӣ баргузор намуда, дар он натиҷаҳои сафари давлатии чанде пеши мутақобиларо баррасӣ карданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.

“Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 13-14 март Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафта буд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ аз муҳимтарини онҳо маҳсуб меёбад.

Садир Жапаров бо сафари давлатии ҷавобӣ рӯзҳои 8-9 июл ба Тоҷикистон омад. Ҷонибҳо Созишнома дар бораи тадбирҳои эътимод байни кишварҳо ва боз 14 санади дигар ба имзо расонида, инчунин Изҳороти муштарак қабул карданд, ки дар он таҳқими минбаъдаи шарикии сатратегӣ тасдиқ карда мешавад.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста