Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» – Ҳаракати «Толибон» расман марги пешвои худ – Мулло Муҳаммад Умарро рад кард.
Бино ба иттилои Associated Press, як намояндаи ҳаракат ба ин хабаргузорӣ изҳор доштааст, ки овозаҳо дар бораи марги Мулло Умар як «таблиғоте» буда, ӯ зиндаву саломат дар Афғонистон ба сар мебарад.
Доир ба марги пешвои ҳаракати «Толибон» дар таърихи 23-уми майи соли равон шабакаи телевизионии «Тулӯъ»-и Афғонистон хабар дода буд. Нашрияи Pak Tribune навишта буд, ки Мулло Умар дар таърихи 21-уми май ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кувета ба музофоти Вазиристони Шимолии Покистон аз ҷониби нерӯҳои низомии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба қатл расонида шуд.
Чанде қабл дар робита ба ин масъала раисҷумҳури ИМА Барак Обама дар мусоҳиба ба хабаргузории ВВС изҳор дошт, ки «мо ба соҳибистиқлолии Покистон эҳтироми зиёд дорем, вале агар масъалаи нобуд сохтани пешвои ҳаракати «Толибон» рӯйи кор ояд, маҷбурем ба хоки ин кишвар по гузорем, зеро ба амалӣ сохтани нақшаҳои куштори шаҳрвандони кишвари худ ва муттаҳидонамон роҳ доданӣ нестем».
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мулло Муҳаммад Умарро дар паноҳ додани Усома бин Лодин ва аъзои гурӯҳи «Ал-Коъида» гунаҳкор мешуморанд. Хабаргузориҳои амрикоӣ қаблан иттилоъ дода буданд, ки ҳукумати ИМА бо ҳаракати «Толибон» бо миёнаравии Олмон фаъолона гуфтушунид дорад, вале маъмурияти Барак Обама аз шарҳи ин матлаб худдорӣ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаракати «Толибон» акнун мустақиман ба Қазоқистон, ки ҳафтаи гузашта лоиҳаи қонун дар бораи ҳамкорӣ бо НАТО ва фиристодани нерӯҳои ҳомии сулҳ ба Афғонистон қарор қабул кард, бо амалҳои террористӣ таҳдид мекунад.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста