Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додситони низомии гарнизони Қӯрғонтеппа Маҳмудалӣ Алимардонов пешниҳод сохт, ки хатмкардагони макотиби олӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи артиш даъват карда шаванд.
Зимни нишасти матбуотӣ ташаббускори пешниҳод дар робита ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд, ки феълан ба сафи артиш аслан ҷавонони саводашон на он қадр қаноатбахш даъват карда мешаванд.
«Сатҳи нокофии дониши ҷавонони даъватшуда ба сифати хизмат ва дар маҷмӯъ ба фаъолияти пурсамари қисмҳои низомӣ таъсири манфӣ мегузорад ва аз ин рӯ, мо пешниҳод менамоем, ки ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувааҳои Мусаллаҳи кишвар хатмкардагони макотиби олӣ низ даъват карда шаванд, зеро тибқи қонун, онҳо дар муддати 11 моҳ бояд хизмати ҳарбиро адо кунанд», - гуфт ӯ.
Ҷаноби Алимардонов ҳодисаҳои аз қисми низомӣ фирор намудани сарбозонро низ ба сатҳи пасти маълумотнокии онҳо нисбат медиҳад. Ӯ гуфт, соли равон аз комиссариатҳои ҳарбӣ 10 нафар даъватшудагон гурехтаанд ва нисбат ба ин амали онҳо додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. «Агар мо ба хизмат дар сафи артиш афроди босаводро даъват созем, барои сарбозони ҷавон намунаи ибрат хоҳад буд», - афзуд номбурда.
Боздошти як мард барои дуздии беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз мағоза
96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад
Эмомалӣ Раҳмон: “Ният дорем, ки то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”
Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста