Дар шабакаи Интернет изҳороти видеоии гурӯҳи исломии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба мусулмонони Тоҷикистон гузошта шудааст. Дар ин бора сомонаи pressa.tj хабар медиҳад.
Шахсе дар навор суханронӣ карда мегӯяд, аъзои гурӯҳ айни замон дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошта, ба баргузории амалиётҳо омодагӣ мегиранд.
Дар навори видеоӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус аз мусулмонон даъват ба амал оварда мешавад, ки тавассути амалҳои террористӣ, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва қатли кофирон муқобили сиёсати давлату демократия фаъолият намуда, ба ҷиҳод бархезанд.
«Онҳое, ки намоз мехонанд, рӯза медоранд, ҳаҷ мекунанд, вале аз демократия ҷонибдорӣ менамоянд, кофир мебошанд»,- мегӯяд марде дар видео ва тамоми муслимини кишварро даъват менамояд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан узви гурӯҳи мазкур ҳодисаи таркишеро, ки 3 сентябри соли 2010 дар назди бинои Раёсати мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккилонаи Хуҷанд ба амал омада буд, ба дӯш гирифта буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин навори видеоӣ бо изҳороти гурӯҳи исломии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба мусулмонони Тоҷикистон мавриди омӯзиши сохтори амниятии кишвар қарор гирифтааст.
Рӯҳонии маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода андешаи худро дар бораи ин навор чунин баён кард: «Изҳороти видеоии гурӯҳ ба мусулмонони Тоҷикистон иғвоангез буда, паси он нерӯҳои муайяни зиддисломӣ қарор доранд».
Ба ақидаи Тӯраҷонзода, «ҳеҷ инсони оқил ё намояндаи ҳама гуна дин наметавонад одамонро ба куштор, содир намудани амали террористӣ ва ҳуҷуми мусаллаҳона нисбати мардуми бегуноҳ даъват намояд». «Дар ҷаҳони муосир нерӯҳое мавҷуданд, ки бо ҳар восита мехоҳанд исломро бадном созанд ва ҷонибдорони онро ба гунаи террористону қотилон шабоҳат диҳанд», - афзуд ӯ.
Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакли палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайнӣ низ бар ин назар аст, ки айни замон дар ҷаҳон тамоили гунаҳкорсозии ислом ва ҷонибдорони он дар содир намудани амалҳои террористӣ ба мушоҳида мерасад ва дар ин кор нерӯҳои зиддисломӣ даст доранд.
С.Ҳусайнӣ изҳор кард, ки дар Тоҷикистон ташкилоте бо номи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мавҷуд нест. «Дар кишвари мо ҳатто миёни созмонҳои динии фаъолияташон манъшуда низ чунин ташкилот вуҷуд надорад ва ман шубҳа дорам, ки он умуман дар ҷаҳон арзи ҳастӣ дошта бошад», - муътақид аст намояндаи ҲНИТ.
Номбурда таъкид кард, ки дар тамоми динҳои мавҷудаи дунё ва бахусус дар ислом куштору қатл ва худкушӣ маҳкум карда мешавад. «Дар чунин ҳолатҳо душманони ислом як ташкилотеро бо номи арабӣ рӯйи кор меоранду ҷиноятеро, ки инсони оқил ба он даст намезанад, ба номи он нисбат медиҳанд», - афзуд С.Ҳусайнӣ.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Умед 17 сентябр, 2011 15:17
Ин гурух хама мехоханд яккахукмрон шаванд,унон максади мусулмон кардан ё кофир куштан надоранд ва танхо мехоханд бо чунин гояхояшон мардумро ба шур оварда чанг хезонанд.Ва ишон сохиби тахт гашта мардуми баору нангро пароканда карданианд.Вале лаънати Худо бар ин хел мусулмончуён.