Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Нақшаи амали муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ баргузор шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ба ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Штатҳои Муттаҳидаи Америка – Сафири Фавқулода ва Мухтори ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гросс имзо гузоштанд.

 Боиси зикр аст, ки ин ҳуҷҷат иқдоми сиёсии кишварҳои аҳдкунандаро дар бар гирифта, ҳуҷҷати ӯҳдадоркунандаи ҳуқуқӣ намебошад. Мақсади он, пурзӯр намудани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, муайянкунӣ ва муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои ҳастаӣ мебошад.

Тоҷикистон ҳаштумин мамлакате мебошад, ки Барномаи Ҳукумати ИМА оид ба пешгирии қочоқи маводи ядроӣ бо он чунин созишнома имзо намудааст.