Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари серӯзаи корӣ ба пойтахти Белорус - шаҳри Минск сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Белорус генерал-лейтенант Юрий Жадобини дидору гуфтушунид хоҳад кард.
«Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Белорус баррасии масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомиву техникӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар назар аст», - гуфт Ф.Маҳмадалиев.
Ба қавли номбурда, дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор қисмҳои низомии Қувваҳи Мусаллаҳи Белорус низ боздид хоҳад кард.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста