Дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки ҷузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе гузашти низомӣ баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар гузашти низомӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиа иштирок мекунанд. Дар минбар мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.
Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ хоҳад кард. Гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.
Бо анҷоми гузашти низомӣ дар Вазорати мудофиа маҷлиси ботантана доир гардида, дар он афсарону сарбозони пешқадам бо унвону тӯҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд. Консерти идона бо иштироки дастаҳои ҳунарии Вазорати мудофиа ва ҳунармандони маъруф ба чорабинӣ ҳусни хотима мебахшад.
Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона доир мегарданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати ҷашни 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳор кард, ки «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон буда, он дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд ва дар натиҷаи таваҷҷўҳи доимии ҳукумати кишвар тадриҷан устувору қавӣ гардида, бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва имрўз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки он ба нерўи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст».
«Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолат ва ўҳдадориҳои худро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро менамоянд ва тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд», - гуфт дар паёми табрикӣ сарвари давлат.




Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста