Имрӯз дар Кобул конфронси минтақавӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» ба кор шурӯъ мекунад. Тоҷикистонро дар ин конфронс вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ намояндагӣ мекунад.
Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, дар конфронс баррасии масоили ба мақомоти қудратии Афғонистон супурдани масъулияти таъмини амнияти дохилӣ, раванди оштии миллӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳалли мушкилоти гурезагон, таҳкими тадбирҳои ҳосил шудани эътимод дар минтақа дар бахшҳои гуногун дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, конфронси мазкур дар идомаи рушд ва амалисозии натоиҷи конфронси минтақавии Истамбул доир мегардад. Конфронси Истамбул аввали моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда, дар кори он ҳайатҳои 20 кишвари ҷаҳон, намояндагони СММ, НАТО ва созмонҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ ширкат варзида буданд.
Дар конфронси Истамбул ҷонибҳо бобати кӯмаки ҳамаҷониба расонидан ба Афғонистон дар барқарор ва эҳё кардани низоми тандурустӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва тундгаройии исломӣ ба мувофиқа расида буданд.




Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста