Бо ташаббус ва дастгирии як гурӯҳ фаъолзанон ва имомони шаҳри Хорӯғ, ки мақсади таъмини оромӣ ва ободии кишварро доштанд, маъракаи супоридани яроқу лавозимоти ҷангӣ оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, як гурӯҳ ҷавонони раҳгумзадаи маҳаллаи Заводи нони (Хлебзавод) шаҳри Хоруғ, ки бидуни андеша ва гумроҳӣ яроқ ба даст гирифта, ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ ба муқовимат бархоста буданд, бегоҳии 28.07. 2012 сол силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз қабили автомати Калашников, пулемёт ва дигар силоҳи оташфишонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Ба иттилои манбаъ, шахсоне, ки ихтиёран яроқҳои ғайриқонуниро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мебошанд. Айни замон вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ором буда, аҳолӣ ба ҳаёти осоишта машғул аст.
Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ, чанде қабл вохӯрии навбатии комиссияи мустақили миёнаравон оид ба танзими вазъ бо мақомоти раҳбарии вилоят доир гардидааст, вале ба иштироки хабарнигор дар он боз роҳ надодаанд.
Қобили зикр аст, ки нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бораи бартараф кардани сангарҳо ва иҷозати убури қатораи автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш ба мувофиқа расида, рӯзи 27-уми июл ҳудуди 40 ва 28-уми июл беш аз 30 автомашина ба сӯйи Душанбе раҳсипор шуданд.
Ба гуфтаи сокинон, ба ивази ин ҷониби ҳукумат бозпас хондани нишонзанҳо аз кӯҳҳои гирду атроф ва сарбозон аз хонаҳои истиқоматиро ваъда кардааст, вале ин кор амалӣ нагардид.
Дирӯз нерӯҳои ҳукуматӣ боз маҷбурӣ аҳолиро аз микрорайони Селхозтехника кӯчонданд.
Ҳамчунин маълум шуд, ки ду рӯз пеш дар мавзеи Шоҳдара автомашинаи Толиб Айёмбеков дарёфт гардидааст, ки ба дарёи Шоҳдара чаппа шудааст. Дар автомашина осори хун пайдо шудааст. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ, ҳалокати Т.Айёмбеков аз эҳтимол дур нест.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста