Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хоруғ бо мусоидати аҳли ҷомеа, намояндагони дин ва шахсони ҷудогона ҷараёни таслими ихтиёрии силоҳи аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл миқдори зиёди яроқҳои гуногунтамға, аз ҷумла автомати Калашников, норинҷакҳои гуногунтамға, яроқҳои суфтамил, таппончаҳои тамғаи Макаров, снарядҳо ва миқдори зиёди тирҳои тамғаҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хотиррасон месозад, ҳар нафаре, ки яроқу лавозимоти ҷангиро ихтиёран месупорад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Дар иттилои интишоршудаи Вазорати корҳои дохилӣ доир ба шумораи умумии силоҳу муҳимоти мусодирашуда маълумот дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, рӯзи панҷшанбе мувофиқа ҳосил шудааст, ки яке аз қумондонҳо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар мақомоти додситонии ноҳияи Шуғнон баёнот медиҳад.
Қаблан ҳукуматдорон боисрор тақозо намуда буданд, ки М.Муҳаммадбоқиров бояд дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ баёнот диҳад. «Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадбоқиров нигаронӣ дошт, ки дар ШКД-и шаҳри Хоруғ ба ҳабс гирифта мешавад, аз ин рӯ, боисрор талаб кард, ки дар мақомоти додситонии ноҳияи Шуғнон баёнот хоҳад дод», - иттилоъ дод хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ.




Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста