Яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров шаби гузашта дар манзилаш бо сабабҳои то ҳол норӯшан кушта шуд.

Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногуни муътамади ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ, шаби гузашта ба И.Имомнзаров дар манзили зисташ дарафтодаанд. Ҳамчунин наздикони ӯ, аз ҷумла бародараш низ захмӣ шуда, ба беморхона мунтақил гардидаанд. То ҳанӯз аз ҷониби кӣ сурат гирифтани ин ҳамла маълум нест.

И.Имомназаров муддати 20 сол аст, ки маъюби гурӯҳи аввал буда, мустақилона роҳ рафтан барояш ғайриимкон буд.

Бино ба маълумотҳои расида ба ОИ «Азия-Плюс», ахиран бар асари касалии қанд дар бадани ӯ яраҳо пайдо шуда, аз ин рӯ, ӯ бистарӣ будааст.

Ёдрас мекунем, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон Имомназар Имомназаровро дар қатори боз се нафар пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ба қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, хариду фурӯши одамон, ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, гаравгонгирӣ ва саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам намуд.

Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба ҳеҷ гунае ин қазияро шарҳ намедиҳанд.