Чанде қабл дар Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади назорати ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳу кӯчаҳои шаҳр, қоидавайронкунӣ, садамаҳо, идораи самараноки ҷараёни нақлиётӣ ва чароғакҳо дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Шартнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO. «Оид ба таҳвили таҳҷизот доир ба низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт - Шаҳри бехатар ва хизматрасонии «Таҳти калид» ба имзо расид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов қайд намуд, ки амалӣ намудани лоиҳаи мазкур метавонад, дар коҳишёбии вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, пешгирии сар задани садамаҳои нақлиётӣ, таъмин ва танзими бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ дар пойтахти мамлакат таъсири ҷиддӣ расонад.
Инчунин ноиби Президенти ширкати HUAWEI TECHNOLOGIES CO., хонума Эми Лин иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ду марҳила якум, то моҳи май ва дуввум марҳила то моҳи ноябри соли 2013 сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар ҳамаи чорроҳаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.
Қобили зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти ширкати Ҳуавейи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ами Линро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот, ки бо иштироки масъулини дахлдор аз ҷониби Тоҷикистон ҷараён гирифт, ҷанбаҳои техникию молиявии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки тавассути камера ва таҷҳизоти аксбардорӣ натанҳо ҳаракат дар роҳҳо, балки риояи тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда мешавад. Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад.
Ин лоиҳа бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол муҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати Ҳуавей мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста