Кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар ин кишвар дар маросими муайян кардани шахсияти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Ҷумъахон Азизов иштирок карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, дар ин маросим ҳамчунин бародари ҳалокшуда Бахтиёр Азизов ва амаки онҳо низ ҳузур доштааст.
Ба гуфтаи вай, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ба баррасии қазияи мазкур адвокати маскавӣ Мурод Тоҳиров ҷалб шудааст. «Мо умедворем, ки тафтиши ҳодисаи Одинсово беғаразона ва мунсифона сурат хоҳад гирифт. Айни замон ҷараёни таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати шахсии сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев қарор дорад», - иброз дошт М.Эгамзод.
Номбурда таъкид кард, ки ҳарчанд алҳол дар бораи асосҳои воқеии ҳодисаи мазкур ба хулосаи мушаххасе расидан барвақт бошад ҳам, санҷиши хизматӣ бояд тамоми ҳолатҳои ҳодисаи рухдодаро муқаррар намояд.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Марги ду тан” қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста