Суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро қонеъ намуда, дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард.
Бино ба иттилои РИА «Новости» бо истинод ба хадамоти матбуоти прокуратураи вилоятӣ, Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз муваққатан ба ҳабс гирифта мешавад. То анҷоми ин муҳлат Душанбе бояд расман ба ҳукуматдорони Украина ҷиҳати истирдоди ӯ муроҷиат намояд.
Абдумалик Абдуллоҷонов, ки аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ эълон шудааст, чанде қабл дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев боздошт шуд.
Абдумалик Абдуллоҷонов яке аз чеҳраҳои маъруфи солҳои 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 1992 ӯ нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб то моҳи декабри соли 1993 фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия низ ифои вазифа намудааст.
Пас аз шикаст дар маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 1994 ӯ Тоҷикистон тарк намуда, дар кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекард.
Ҳамчунин тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Абдуллоҷонов дар маблағгузории ошӯби полковник Маҳмуд Худоёбердиев низ гумонбар дониста мешавад, ки соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фурӯ нишонда шуда буд. Солҳои ахир ӯ дар Лос-Анҷелеси ИМА ба сар мебурд.
Моҳи ноябри соли гузашта боз номи ӯ дар ВАО пайдо шуд. Мусоҳибаи ӯ дар бахши тоҷики сомонаи радиои Озодӣ ба табъ расид. Пайдо шудани Абдуллоҷонов дар сафҳаҳои матбуотро коршиносон ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон рабт дода буданд.




Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?
Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст
Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026
Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста