Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов мегӯяд, дар сурати истирдод ба ватан хатари таҳдид ба ҷони ӯ аз эҳтимол дур нест.
Бино ба иттилои Search News, зимни шарҳи қарори суди ноҳиявии Бориспол оид ба ҳабси муваққатиаш ба муддати 40 рӯз ӯ чунин ибрози назар кардааст.
«Онҳо зинда будани маро намехоҳанд. Онҳо дар муддати ду-се ё ҳадди ниҳоӣ 4 моҳ маро зинда намегузоранд. Ин кор аз дасти онҳо меояд ва ман инро ба хубӣ медонам. Агар ба Украинаву адолати судӣ ва ҷомеа ин масъала арзише надошта бошад, пас тақдир ҳамин будааст», - изҳор кардааст Абдуллоҷонов.
Ба гуфтаи собиқ нахуствазири Тоҷикистон, ӯ аз қарори суд қаноатманд набуда, ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурданист.
Андрей Федур, ҳимотгари Абдуллоҷонов изҳори умедворӣ намудааст, ки зерҳимояи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон супурда намешавад. «Зерҳимояи маро ба кишваре, ки дархост мекунанд, истирдод кардан лозим нест, зеро дар онҷо ба ҷони ӯ хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Зерҳимояи ман мақоми гурезаро соҳиб аст ва бояд ҳамчун гуреза мавриди ҳифз қарор гирад. Ӯ мутобиқи конвенсияи байнулмилалии дахлдор ҳифз мешавад», - гуфтааст ҳимоятгар.
Рӯзи панҷшанбе суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро қонеъ намуда , дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард. Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз, то 17-уми март муваққатан ба ҳабс гирифта мешавад. То анҷоми ин муҳлат Душанбе бояд расман ба ҳукуматдорони Украина ҷиҳати истирдоди ӯ муроҷиат намояд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста