Дар маҳаллаи 103-юми пойтахт сухангӯи Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умаров мавриди лату кӯби афроди ношнос қарор гирифт. Мақсади лат кӯб ва шахсияти ин афрод ҳанӯз маълум нест.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти мазкур Нурулло Шарифов хабар дод, ба А.Умаров шоми рӯзи 27-уми феврал аснои бозгашташ аз кор ба хона ҳамла сурат гирифта, худи ҳамон рӯз ӯ ба беморхона мунтақил шудааст.
«Айни замон ӯ дар госпитали ВКД бистарӣ буда, ҳарчанд дар ҷисму рӯяш осори лату кӯб аён бошад ҳам, вале ӯ худро хуб ҳис мекунад. Табибон мегӯянд, ки аллакай рӯзи шанбе ӯро рухсатӣ медиҳанд», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, мақсадҳои ин амал ба касе маълум нест, вале дар ВКД аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад. «Худи Умаров изҳор кард, ки ба ӯ якчанд нафар мардон ҳамла оварда, пас аз лату кӯб дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд ва ӯ бо ин шасхон шинос набуда, аз сабабҳои ҳуҷуми онҳо низ огаҳие надорад», - афзуд номбурда.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста