Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз содир шудани як амалӣ террористи пешгирӣ карда шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар пойтахти кишвар мақомоти қудратӣ гурӯҳи террористонеро, ки анҷоми як силсила амалҳои террористиро тарҳрезӣ намуда буданд, безарар гардониданд.
Аз ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода намешавад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, 23-юми сентябри соли 2013, соати 21:00 ба воситаи Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон барномаи махсуси телевизионӣ, вобаста ба дастгиршавии гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки тариқи пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, қасди содир намудани амали террористиро доштанд, намоиш дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки чанде қабл як гурӯҳи «толибони тоҷик» аз Тоҷикистон ба хоки Афғонистон ворид шудаанд.
Манбаъҳои радиои «Озодӣ» хабар додаанд, ки ин афрод бо худ тазкира (шиноснома)–и афғонӣ доштаанд. Онҳо шиносномаҳояшонро аз вилояти Бағлони Афғонистон гирифта, номҳои худро ҳам тағйир додаанд, то дар ҳолати кушта шудан шинохта нашаванд.
Дар сомонаи радио иттилоъ дода мешавад, ки чанд рӯзи қабл Урдуи миллии Афғонистон дар дараи Вардучи Бадахшон амалиёти густардаи зидди Толибон ва ҳамтоҳои онҳо аз Ал-Қоидаву Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳро ба анҷом расид. Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки дар ин амалиёт 44 ҷангӣ кушта шудаанд ва дар миёни онҳо атбои хориҷӣ низ ҳастанд. Шахсияти кушташудаҳо мушаххас нашудааст.
Гуфта мешавад, ин дуввумин амалиёти бузурги нерӯҳои амниятии Афғонистон дар дараи Вардуҷ тайи соли равон аст. Амалиёти аввал, ки моҳи март ба апрел пиёда шуд, 16 корманди пулис ва 100 ҷангиро кушта ба ҷо гузошта буд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин миён чор шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Бадахшон дастгир шуданд, ки се нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ ва як нафари дигар узви Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд. Як узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки Миралӣ Охунов, сокини ноҳияи Турсунзода муаррифӣ шуд, замоне ба дасти нерӯҳои амниятӣ афтод, ки мехост, алайҳи волии вилоят ва раиси амнияти Бадахшон амали террористӣ анҷом диҳад. Вазорати дифоъи Тоҷикистон қаблан эълом дошта буд, ки барои идораи вазъ нерӯҳояшро афзоиш додааст.
Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр иттилоъ дар бораи вуруди ҷангиён аз хоки Тоҷикистон ба Афғонистонро такзиб кардааст. Вай гуфтааст, марзҳои Тоҷикистон ҷиддан назорат мешаванд ва убури ҷангиён имконнопазир аст. Ҷаноби Раҳматуллоев афзудааст, агар ҷангиёни тоҷик дар дараи Вардуч ҳузур дошта бошанд, яқинан аз ягон кишвари дигар омадаанд ва ё дар худи Афғонистон иқомат мекунанд, бахусус ки онҳо шиносномаи он кишварро дошта бошанд.




Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста