Гурӯҳи террористони ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе боздоштшуда, роҳандозии таркишҳо дар назди чор дарвозаи пойтахт, як қатор биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар иншооти давлатиро тарҳрезӣ намуда буданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, гурӯҳро сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Маханови 29-сола бо лақаби «устод» роҳбарӣ мекардааст, ки дар яке аз лагерҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Покистон таълими ҳарбӣ гирифтааст.
«Айни замон 10 нафар аз аъзои фаъоли гурӯҳи терроистии мазкур боздошт ва аз онҳо таппончаҳо, адабиёти таблиғотӣ, нақшаҳои иншоот барои тарконидан ва ғайра дарёфту мусодира гардида, ҷустуҷӯи чанде аз аъзои он эълон шуд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, имрӯз, 23-юми сентябри соли 2013, соати 21:00 ба воситаи Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон барномаи махсуси телевизионӣ, вобаста ба дастгиршавии гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки тариқи пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, қасди содир намудани амали террористиро доштанд, намоиш дода мешавад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар пойтахти кишвар мақомоти қудратӣ гурӯҳи террористонеро, ки анҷоми як силсила амалҳои террористиро тарҳрезӣ намуда буданд, безарар гардониданд.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста