Аз 25 то 28 сентябри соли ҷорӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳайати Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали раиси ХДНМН Ғуломҷон Анарбаев ташриф меоваранд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, мақсади ташриф — шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти Агентӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни ду мақомот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, мубодилаи таҷриба дар муқовимат бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ ва инчунин иштирок  дар ҷаласаи навбатии коршиносони АҚТ.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ташрифи меҳмонон инчунин гузаронидани вохӯриҳои дуҷониба, аз он ҷумла бо Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия  Р.Назаров  ба нақша гирифта шудааст.Меҳмонон бо фаъолияти як қатор раёсатҳои АНМН низ шиносоӣ пайдо мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндагони ХДНМН  ба маркази кинологӣ, ки дар он ҷо Маркази миллии бозомӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сохта шудааст, ташриф оварда, оид ба фаъолияти хизматии ин марказ аз наздик ошно мешаванд.