Дар вилояти Суғд як шаҳрванди 48-солаи Туркманистон боздошт шуд, дар ватанаш ба одамкушӣ муттаҳам дониста шуда, таҳти пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин шаҳрванди Туркманистон дар қаламрави ноҳияи Спитамен боздошт шудааст.

«Боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, масъалаи истирдоди ӯ ба ватанашро Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Туркманистон мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳанд», - гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин шаҳрванди Туркманистон ҳанӯз соли 1996 бо истифода аз силоҳи оташфишон даст ба куштор зада, муддати тӯлонӣ дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдааст.