Дастаи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-майор Бахтиёр Рузмуншоев дар тамринҳои имрӯз оғозгардидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони «Нерушимое братство-2013» (Бародарии шикастнопазир-2013) иштирок мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ин тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи назди ҳавзаи ҳарбии Чебаркули вилояти Челябински Русия доир мегарданд.
«Дар тамринҳо ҷузъу томҳои нерӯҳои низомии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русияву Тоҷикистон ва ҳамчунин воҳидҳои маркази таъиноти махсуси ВКД Русия – «Рысь» ва «Зубр» ширкат меварзанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, тамринҳо дар доираи омодагӣ ва роҳандозии амалиёт оид ба таъмини сулҳ аз ҷониби Нерӯҳои дастаҷамъонаи ҳомии сулҳи СААД дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ сурат гирифта, тарзу воситаҳои амали нерӯҳо дар ин ҳолатҳо мавриди омӯзишу машқ қарор хоҳанд гирифт.
«Дар тамринҳо воҳидҳои низомии ҳомии сулҳи тамоми кишварҳои узви СААД бо шумори ҳудуди 2500 нафар ширкат варзида, дар ҷараёни он марҳилаи махсуси тирандозии ҷангӣ низ анҷом дода мешавад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки 18-уми сентябри соли 2003 Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди амал қарор гирифта, феълан ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.
Моҳи декабри соли 2012 Ӯзбекистон узвияташ ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро расман мутаваққиф сохт. Кишвари ҳамсоя қаблан низ аз СААД хориҷ шуда буд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз тамдиди шартнома даст кашида, вале соли 2006 бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳояш бо кишварҳои ғарбӣ узвияти худро барқарор намуда буд.
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста