Шоми рӯзи 26-уми октябр зимни таваққуфи техникӣ дар истгоҳи Терновкаи роҳи оҳани Русия қатораи хатсайри Маскав-Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод, ҳамлаи ногаҳонӣ аз ҷониби як гурӯҳи иборат аз 20 нафар шахсони славянитабор сурат гирифта, 20 шишаи тирезаи вагонҳо шикаста ва ба чанде аз мусофирон осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ҳамла дашному таҳқир ва таҳдидҳои миллатгароёна ба унвони мусофирони қатора садо додаанд. «Кормандони пулиси маҳаллӣ дар нақлиёт ва кормандони истгоҳ, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, худро канор гирифта, ҷиҳати пешгирии ин ҳодиса ҳеҷ чорае наандешидаанд», - гуфт ӯ.
Намояндаи сафорат таъкид дошт, ки бригадири қатора кӯшиш кардааст, ки дар бораи ин ҳодиса ба ба истгоҳи ояндаи Волгоград барқия ирсол намояд, вале барқияи ӯро бо баҳонаи миёни Тоҷикистону Русия мавҷуд набудани шартнома дар ин хусус қабул накардаанд.
Ба қавли Эгамзод, гузашта аз ин, ду корманди хадамоти назорати амният дар роҳҳои оҳани вилояти Астрахан, ки қатори Тоҷикистонро аз Маскав то марзҳои Русия (истгоҳи Оқсарой) ҳамроҳӣ мекарданд, низ ҳеҷ чорае наандешида, хадамоти дахлдорро аз ин рӯйдод огаҳ накардаанд.
«Дар ин робита сафорати Тоҷикистон тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Русия муроҷиат намуда, тафтиши мӯшикофонаи ин падидаи қавмгароӣ ва ҷуброни зарари моддии расида ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро дархост кард», - афзуд номбурда.




Мақомот дар хонаи як корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дуздии барқро ошкор кардаанд
Намоиш ва фурӯши маҳсулот дар Душанбе. Муқоисаи нарх ва сифати маҳсулоти ярмарка бо бозор
Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад
Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?
Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2025
Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста