Дар гуфтушуниди имрӯзаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон бори навбатӣ ҷиҳати аз байн бурдани ташаннуҷи вазъ дар муносибатҳои дуҷониба, ки дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар марз ба амал омад, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, гуфтушунидҳо дар Исфара ё Ботканд баргузор мешаванд ва ин масъала мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Аллакай маълум аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид ёвари президенти ҶТ оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи ҶТ Маҳмадтоҳир Зокиров, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар мансабдорони воломақоми сохторҳои қудратии кишвар намояндагӣ мекунанд.
«Ҳамаи шахсони зикршуда аз субҳи имрӯз дар Исфара қарор доранд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста