Ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ мекунад.

Дар изҳороти имрӯз интишоршудаи онҳо зикр мегардад, «ҳадафи ин иқдом ба андешаи солиму ҳақиқат ва адолат барои ҳамзистии осоиштаи ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида нашуда, балки фишор ба сокинони Бадахшон ва хоҳиши фурӯ нишонидани саркашии мунтазами як қисмати ҷомеа ба ҳукуматдорони марказӣ, барпо кардани фазои тарс ва итоаткории кӯр-кӯрона ба нерӯҳои ҳоким аст».

Дар изҳороти фаъолон қайд мешавад, ки «бо такя ба ҳадафҳои волои ваҳдати миллӣ ва сулҳ, ки дар Қонуни асосии ҶТ зикр шудаанд ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва инсонӣ бо ишора ба робитаи ногусастании бародарона бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ талаб мекунанд, ки барои тафтиши ҳодисаи рӯзи 21-уми май дар Хоруғ аз ҳисоби намояндагони ҳукумати марказӣ, аз ҷумла раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов, кормандони мақомоти интизомӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ комиссияи муштарак таъсис дода шавад.

«Комиссияи мазкур бояд ҳодисаҳои фоҷебаори рӯзи 24-уми июл дар Хоруғ ва рӯйдодҳои ба ин монанди моҳи гузашта дар Рӯшонро тафтиш намояд, то ки аз такрори чунин рӯйдодҳо дар оянда пешгирӣ шавад. Ҳамчунин барқарор кардани ҳуқуқҳои сиёсӣ ва иҷтимоии иштирокчиёни рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ, расонидани кумаки моддӣ ба оилаҳои осебдидагон ва озод кардани маҳбусони сиёсӣ зарур аст», - баён мегардад дар изҳороти онҳо.

Ҳамчунин онҳо талаб доранд, ки барои баррасии масъалаи истифодаи силоҳ дар маркази вилоят бо иштироки намояндагони васеи аҳли ҷомеа ҷаласаи таъҷилии Маҷлиси ВМКБ ва Маҷлиси шаҳри Хоруғ даъват карда шавад. «Ҳамаи кормандони ҳукумати ВМКБ ва мақомоти интизомии вилояту шаҳри Хоруғ, ки қаблан аз рух додани ин ҳодиса огоҳ буданду барои таъмини амнияти аҳолии осоишта ҳеҷ чораҷӯӣ накарданд, бояд аз мансабҳои ишғолкардаашон сабукдӯш гарданд», - таъкид мешавад дар изҳорот.

«Дар навбати аввал аз ҳукумати Тоҷикистон талаб дорем, ки аз арзёбии пешакӣ худдорӣ варзида, натиҷаҳои тафтиши ҳодисаи рухдодаро интизор шавад», - талаб мекунанд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои бахши тоҷикиии сомонаи радиои «Озодӣ» , ин лаҳзаҳо дар маркази шаҳри Хоруғ таҷаммӯъи мардум идома дорад ва мардуми гирди ҳам омада мегӯянд, интизори намояндагони мақомоти давлатӣ ҳастанд. Гурӯҳе аз сокинони ин шаҳр, ки рӯзи 22-уми май бо нишони эътироз гирдиҳам омада буданд, шабро дар назди ҳукумати ин шаҳр дар хаймаҳо рӯз кардаанд. Онҳо иҷрои ҳарчи зудтари талабҳои изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аз мансаб барканор шудани сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ-ро талаб доранд. То ҳанӯз касе аз намояндагони ҳукумат назди онҳо ҳозир нашудааст.

Субҳи имрӯз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки шаби гузашта вазъ дар шаҳри Хоруғ  ором сипарӣ гардида, ягон ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон дар шаҳри Хоруғ комиссияи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Тоҷикистон ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи рӯзи 21-уми май рухдода дар ин шаҳр машғуланд, ки бар асари он одамон ҳалок ва биноҳои Шуъбаи ВКД-и шаҳр, прокуратура ва суди вилоят оташ зада шуданд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро айни замон дар шаҳри Хоруғ қарор дорад.

Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест , зеро барои таъмини амният дар маркази маъмурии вилоят нерӯ ва воситаҳои мавҷудаи сохторҳои қудратӣ дар шаҳр комилан кофӣ аст.